Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷамъомади машқии тими наврасони кишвар дар Анталия анҷом ёфт

10.02.2020

: 451

Ҷамъомади машқӣ-таълимии тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар шаҳри Анталияи Туркия ба анҷом расид.

Футболбозони навраси мо бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар доираи тамринҳо 4 бозии дӯстона анҷом доданд. Аз ҷумла, 8 феврал бозӣ бо дастаи ҷавонони “Дебресен”-и Маҷористон мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Голи Тоҷикистонро Абдулфаттоҳ Худойдодзода ба ҳадаф расонд.
Қаблан шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо дастаи наврасони Озарбойҷон, тими “Коняспор”-и Туркия бо ҳисоби якхела - мусовӣ (1:1) бозӣ карда, бар тими “Виктория”-и Олмон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд.
Ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Туркия як марҳилаи омодагии тими наврасони Тоҷикистон (U-16) ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн доир мегардад.

Бозиҳои санҷишии тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Туркия

ТОҶИКИСТОН (U-16) – «Коняспор» (U-17, Туркия) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Хусрав Тоиров.

ТОҶИКИСТОН (U-16) – «Виктория» (U-17, Берлин, Олмон) – 2:0
Голҳо: Сунатулло Азизов (2).

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Озарбойҷон (U-17) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Кабир Салимшоев.

ТОҶИКИСТОН (U-16) – «Дебресен» (U-17, Маҷористон) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода.