12.02.2020
: 1093
11 феврал дар толори Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон маросими унвонсупорӣ ба варзишгарону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиш баргузор шуд.
Дар маросим раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳмонзода Абдулло ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо иштирок карданд.
Раиси нави Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш нахуст аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан намуда, бо дастоварди варзишгарони Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ ва соҳибистиқлолӣ шинос шуд.
Зимни маросими унвонсупорӣ қайд гардид, ки аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, хоса аз лиҳози модию молиявӣ дастгирию ҳавасманд намудани варзишгарон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад. Чунончи дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015 “Дар бораи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” 5 маротиба амрҳои Президенти кишвар ба тасвиб расида, 165 варзишгар ва мураббиёни онҳо дар умум ба маблағи 3 793 500 сомонӣ ҳавасманд гардонида шудаанд.
Дар натиҷаи баргузор намудани 5 ҷаласаи комиссияи унвондиҳии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2019, 739 нафар бо унвони “Номзади Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 150 нафар бо унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 39 нафар бо унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” сарфароз гардонида шудааст. Инчунин, 13 нафар бо унвони фахрии “Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 17 нафар бо унвони “Кормандаи шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф гардиданд.
Соли 2020 аввалин маротиба маросими расмии унвондиҳӣ баргузор гардид, ки дар он 53 нафар варзишгарону мураббиён ва собиқадорони соҳа бо унвонҳои варзишӣ сарфароз гардиданд. Ба 24 нафар унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 11 нафар унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ”, ба як нафар унвони “Устоди шоитаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 10 нафар унвони фахрии “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба 7 нафар унвони фахрии “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим шуд.