Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи чемпионҳои КФО барои “Истиқлол” анҷом ёфт

Лигаи чемпионҳои КФО барои “Истиқлол” анҷом ёфт Лигаи чемпионҳои КФО барои “Истиқлол” анҷом ёфт Лигаи чемпионҳои КФО барои “Истиқлол” анҷом ёфт

29.01.2020

: 49

Хатои бозингари “Истиқлол” Виктор Свежов ба дастаи “Ал Аҳлӣ” барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 кӯмак кард.

Чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври дуюми марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 дастаи “Локомотив”-и Тошкандро мағлуб сохта (1:0), ба даври плей-офф роҳ ёфт. Барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳӣ душанбегиҳо дар сафар бо дастаи “Ал Аҳлӣ”-и Арабистони Саудӣ вохӯрданд. Бозӣ шоми 28 январ дар шаҳри Ҷидда баргузор шуд ва бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Голи ягонаро легионери алҷазоирии “Ал Аҳлӣ” Юсуф Белайлӣ дар дақиқаи 90+1 аз пеналтӣ зад.
Мизбонон аз лаҳзаи аввал ҷараёни бозиро ба даст гирифтанд ва чанд бор ҳуҷум карданд, аммо бенатиҷа. “Истиқлол” дар лаҳзаҳои охири нимаи аввал имкони кушодани ҳисобро пайдо кард, вале зарбаи Алишер Ҷалилов хато рафт.
Дар нимаи дуюм низ ҳуҷумҳои ҳар ду даста бенатиҷа буд. Аз ҷумла зарбаи Шериддин Бобоев дар дақиқаи 68-ум ба ҳадаф нарасид.
Ба назар мерасид, ки бозӣ бо ду қисми иловагӣ идома меёбад, вале легионерии руссиягии “Истиқлол” Виктор Свежов дар назди дарвозаи дастааш Ҳусайн Ал Муқавиро тела дод ва довар ба ӯ корти сурх нишон дода, пеналтӣ таъин кард. Зарбаи ёздаҳметраро Юсуф Белайлӣ бехато иҷро намуд.
“Истиқлол” акнун дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи Осиё-2020 иштирок мекунад.