Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шиносоии Раиси шаҳр бо ҷараёни сохтмони иншооти варзишӣ

Шиносоии Раиси шаҳр бо ҷараёни сохтмони иншооти варзишӣ Шиносоии Раиси шаҳр бо ҷараёни сохтмони иншооти варзишӣ Шиносоии Раиси шаҳр бо ҷараёни сохтмони иншооти варзишӣ Шиносоии Раиси шаҳр бо ҷараёни сохтмони иншооти варзишӣ Шиносоии Раиси шаҳр бо ҷараёни сохтмони иншооти варзишӣ

30.01.2020

: 96

29 январ Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфтаи муҷтамаи муҳташами варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи Синои пойтахт ва ҷараёни корҳои сохтмонии варзишгоҳи нави Душанбе дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ шинос шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи варзишии универсалӣ соли 2012 оғоз гардида, рафти сохтмони он таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои 3000 ҷойи нишаст ва қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ иборат буда, ҳамчунин дар шафати он 8 майдончаи тенниси кушод, ки ҳар кадом дорои 1000 ҷойи нишаст мебошанд, сохта шудааст.
Қасри намудҳои варзиши обӣ, дар масоҳати 21 ҳазору 526 мерти мураббаъ бунёд гардида, он аз 3 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳои бо платформаи ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, барои машқҳои аква-аэробика ва кӯдакона иборат буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот, қаҳвахона, толори машқ, утоқ барои истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, ҷой барои меҳмонҳои расмӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Аснои шиносоӣ Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои то имрӯз сомонёфта дар маҷмааи варзишӣ баҳои баланд дода, ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба итмом расонидани корҳои боқимонда дастур дод. Дар шафати Қасри намудҳои варзишӣ обӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон қулай аст. Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 7 ҳазору 737 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои 288 ҷойи нишаст мебошад ва барои баргузории 4 намуди варзиши обӣ пешбинӣ гардидааст.
Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулини дахлдорро ба вусъати корҳои ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани майдонҳои ҳудуди маҷмаа, инчунин сабзкориву ниҳолшинонӣ ҷалб намуд. Иншооти мазкур низ мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд ёфта, аз ҳуҷраҳои ивази либос, ҳуҷра барои доварону мураббиён, 3 утоқ барои духтарон, утоқҳо барои меҳмонони расмӣ, маъмурият, толори акробатика, қаҳвахона ва дигар иншооти зарурӣ иборат аст. Бино ба иттилои масъулин дар маҷмааи варзишӣ қисми зиёди корҳо анҷом ёфта, қарор аст ки он тибқи нақша соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Дар идома Раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Низоми Ганҷавии ноҳияи Сино бо рафти корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст шинос шуд.
Варзишгоҳ аз калонтарин иншооти бунёдшаванда бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт ба ҳисоб меравад. Масоҳати ҷудогардида барои бунёди ин иншооти азими варзишӣ 9,05 гектарро дар бар гирифта, андозаи майдони футбол 105х68 метрро ташкил медиҳад.  
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ се ширкати ватанӣ - ҶСК «СТС Иншоот», ҶСП «ЗАБ» ва ҶДММ «Замин транс» ҷалб гардидаанд.
То ин вақт аз ҷониби сохтмончиён корҳои кандани пули мошингард, кандани чоҳбун (котлован), кӯчонидани қубурҳои обу корезӣ ва фазлоб, бунёди таҳкурсии тасмашакл дар ҳама блокҳо ва инчунин деворҳои оҳану бетонии таҳхонаҳо пурра ба анҷом расонида шудаанд. Айни замон кор дар ошёнаи якуми иншоот бо маром идома дорад.
Раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз иншоот таваҷчуҳи бинокронро ба истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ҷалб намуд.
Дар асоси лоиҳа варзишгоҳ нимпӯшида буда, он аз чор минбар, ки дар ду сатҳ ҷой дода шудааст, иборат мебошад. Мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ дар ҳудуди варзишгоҳ бунёди иншооти ёрирасон, аз қабили лифт, зеристгоҳи барқӣ, партовгоҳ, ҳавзи оташхомӯшкунӣ ва таваққуфгоҳ барои 2000 автомобилро ба инобат гирифтаанд. Дар иншоот хонаҳои либосивазкунӣ барои варзишгарон, ҳамом, нуқтаҳои тиббӣ, толори обу тоби бадан, тениси рӯйи миз, гӯшаҳои шоҳмот ва шашкабзӣ, қаҳвахона ва ғайра мутобиқ ба талаботи муосир ташкил карда мешавад.
Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳуҷраҳои корӣ бо муҳайё намудани ҳама гуна шароит, толори нишастҳои матбуотӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ ташкил карда хоҳад шуд.
Дар варзишгоҳи замонавӣ низоми даромаду баромади тамошобинон, нигоҳдории бехатарии варзишгоҳу варзишгарон дар вақти баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ бо истифода аз шабакаҳои муҳандисии камшиддат ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад масъулон ширкати маъруфи Ҷумҳурии Қазоқистон «SKYMAX technoloqies»-ро, ки асосан таҷҳизоти муосири ҷаҳонии тамғаи «Philips»-и Нидерландро истифода мебарад, ҷалб намудаанд. Таҷҳизоте, ки барои шабакаҳои камшиддат истифода мешаванд, бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.
Раиси шаҳр сохтмончиёнро муваззаф сохт, ки барои дар муҳлатҳои муайян бо сифати баланданҷом додани сохтмон корро дар мавсими гармо дар ду баст ба роҳ монда, тибқи нақшаи тарҳрезишуда иншоотро соли 2021 пурра ва бо сифати баланд барои баҳрабардорӣ омода намоянд.