Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧО оид ба варзиши сабук дар толор дар Чин доир намегардад

ЧО оид ба варзиши сабук дар толор дар Чин доир намегардад ЧО оид ба варзиши сабук дар толор дар Чин доир намегардад

28.01.2020

: 128

9-ум Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар толор, ки моҳи оянда бояд дар Ҳангжоуи Чин баргузор мешуд, бо сабаби авҷ гирифтани бемории корнавирус, барҳам дода шуд.

Ташкилоти варзиши сабуки ҷаҳонӣ (World Athletics) низ баъд аз тасмими Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё доир ба баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор, ки бояд моҳи март дар Нанҷинг сурат гирад, қарор қабул кард. Гуфта мешавад Варзиши сабуки ҷаҳонӣ бо Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар ҳамкории зич қарор дорад ва аз тавсияи ин ташкилот ҷонибҳои дахлдор огоҳ карда хоҳанд шуд.
Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё пас қарори комиссияи тиббӣ ва чанд давлати узви ассотсиатсия тасмим гирифт, ки чемпионатро барҳам диҳад. Мусобиқа, ки бояд 12-13 феврал доир мегашт, маълум нест, ки ба дигар ҷой гузаронида мешавад ё не.
Ин яке аз чанд ҳолат вобаста ба бемории коронавирус дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Шумораи фавтидагон аз ин вирус ба беш аз 80 ва сироятёфтагон ба беш аз 3000 нафар расидааст.
Қаблан Ассотсиатсияи байналмилалии баскетбол эълон кард, ки макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпӣ миёни бонувон аз Фошани Чин ба Белгради Сербия гузаронида шуд. Мусобиқаи интихобии олимпии футболи бонувон дар қораи Осиё дар гурӯҳи “В” низ, ки бояд дар Вуҳан – маркази бемории коронавирус – баргузор мешуд, акнун дар Сиднейи Австралия доир мегардад.
Марафони дави Ҳонг Конг, ки бояд бо иштироки беш аз 74 000 варзишгар 9 феврал доир мегашт, барҳам дода шуд. Марафони дави Вусӣ низ, ки 22 март ба нақша гирифта шуда буд, баргузор намешавад.
Мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар Осиё/Уқёнус, ки бояд 3 феврал дар Вуҳан шуруъ мегардид, ба шаҳри Оммони Урдун гузаронида шуд ва 3-11 март доир хоҳад гашт.