Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ғолибони 7-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо

Ғолибони 7-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо Ғолибони 7-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо Ғолибони 7-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо Ғолибони 7-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо Ғолибони 7-ум Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо

07.10.2019

: 117

2-5 октябри соли равон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд 7-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.

Мусобиқа бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг сурат гирифт.
Дар мусобиқа беш аз 250 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат намуда, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд. Дар натиҷа, дар 4 вазн варзишгарони Узбекистон ва дар 3 вазн варзишгарони Тоҷикистон пирӯз шуданд. Дар умум, варзишгарони мо сазовори 17 медал – 3 тилло, 4 нуқра, 10 биринҷӣ – гардиданд. Варзишгарони Узбекистон 10 медал – 4 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ, дастаи Қазоқистон 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ғолибону ҷоизадорон бо медалу диплом ва ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум бо 10000 сомонӣ, ҷои дуюм - 5000 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 2500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа як гурӯҳ кормандони Федератсияи байналмилалии дзюдо таҳти роҳбарии ноиби президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Влад Маринеску ва роҳбари дастгоҳи кор бо ВАО ва маркетинг Виктор Влореску иштирок карданд. Меҳмонон дар доираи мусобиқа бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот карда, рушди намуди дзюдо дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони 7-ум мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон:

-60кг
1. Ҷасур Самадов (Узбекистон)
2. Меҳрзод Сӯфиев (Тоҷикистон)
3. Муҳаммадризо Қувватов (Тоҷикистон)
3. Собирхоҷа Юсупов (Узбекистон)

-66кг
1. Азамат Матяқубов (Узбекистон)
2. Ёқубҷон Боқиев (Тоҷикистон)
3. Раҳматулло Сатторов (Тоҷикистон)
3. Орифҷон Додов (Тоҷикистон)

-73кг
1. Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)
2. О. Нуъмонов (Узбекистон)
3. Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)
3. Шоҳрӯз Бердиев (Узбекистон)

-81кг
1. Асрор Тоҷиев (Узбекистон)
2. Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)
3. Ҳамроз Раҷабов (Тоҷикистон)
3. Арқадай Балай (Қазоқистон)

-90кг
1. Комроншоҳ Устопириён (Тоҷикистон)
2. Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон)
3. Темур Маҳмадов (Тоҷикистон)
3. Достон Мелиев (Узбекистон)

-100кг
1. Соҳиб Қурбонов (Узбекистон)
2. Акмалмурод Худойбердиев (Узбекистон)
3. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)
3. Фарёд Шейхов (Тоҷикистон)

+100кг
1. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)
2. Хайдок Тураев (Узбекистон)
3. Нурулло Неъматов (Тоҷикистон)
3. Одил Сафаров (Тоҷикистон)