Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

6 медали дзюдочиёни ҷавони мо дар Ҷоми Осиё

07.10.2019

: 101

4-6 октябри соли равон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид, ки варзишгарони мо миёни ҷавонон 6 медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқа миёни ҷавонон 127 варзишгар аз 7 давлат ширкат намуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 11 нафар (10 писар, 1 духтар) таркиб ёфта буд, ки ба гирифтани 2 медали тилло, 1 нуқра ва 3 медали биринҷӣ даст ёфтанд.
Медалҳои тиллоро Меҳрзод Сӯфиев дар вазни -60кг миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни -63кг миёни духтарон сазовор гаштанд. Медали нуқраро Раҷабалӣ Муҳаммадиев дар вазни -90кг ба даст овард. Дар вазни -60кг миёни писарон ду варзишгари дигари мо Сулаймони Ҷамшед, Шаҳбоз Саидаброров ва дар вазни -100кг Сайфулло Неъматзода медали биринҷӣ ба гардан овехтанд.
Варзишгарон аз рӯи 13 маҷмӯи медалҳо миёни писарону духтарон қувва озмуданд. Дар натиҷа, дар 5 категорияи вазнӣ варзишгарони мизбон, дар 4 вазн намояндагони Қазоқистон, дар ду вазн варзишгарони Тоҷикистон ва дар яквазнӣ варзишгарони Руссия ва Узбекистон дастболо шуданд.