Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот миллион нафарро ба ҳам овард

02.10.2019

: 1120

Дар маҷмааи варзишии “Борбад”-и шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат шуруъ шуд. Дар мусобиқа 8 даста – дудастаӣ аз Душанбе, Хатлон, ШНТМ ва якдастаӣ аз Суғду Бадахшон ширкат доранд.

Мусобиқаи мазкур бо ҳидоят ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал доир мегардад.
Иштирокчиён то 5 октябр дар 7 давр бозӣ мекунанд. Аллакай ду даври мусобиқа натиҷагирӣ карда шуд. Дар даври аввал дастаи Суғд бар дастаи минтақаи Ҳисор бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. Душанбе-1 бо ҳамин ҳисоб дастаи минтақаи Раштро шикаст дод. Душанбе-2 бар дастаи Хатлон-1 (4,5:1,5) ва ВМКБ бар дастаи Хатлон-2 (5:1) ғалаба карданд.
Дар даври дуюм бошад, дастаҳои Суғд бо Душанбе-1 мусовӣ (3:3) бозӣ карда, ВМКБ бар дастаи минтақаи Ҳисор, Хатлон-1 бар Рашт, Душанбе-2 бар Хатлон-2 бо ҳисоби якхелаи 5:1 пирӯз гардиданд.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии ду давр дастаи ВМКБ бо 10 хол пешсаф аст.
Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаи Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот 100 (сад) ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохт мешавад. Барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синну сол 25000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ба марҳилаи финалӣ беҳтарин шоҳмотбозон дар натиҷаи 3 марҳилаи интихобӣ роҳ ёфтанд. Марҳилаи аввали интихобии мусобиқа аз 10 июн то 8 июли соли 2019 ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус доир гардид. Марҳилаи дуюми мусобиқа аз 8 июл то 25 август дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум ва марҳилаи интихобии сеюм аз 5 то 25 сентябр ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии дуюм сурат гирифт.
“Аввалин мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат таърихӣ шуд. Дар умум ҳудуди як миллион нафар дӯстдорони шоҳмот ба он ҷалб гардиданд, ки дар таърихи кишварамон бори аввал аст”, - иброз доштааст котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов.