01.10.2019
: 1121
1-5 октябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи чоруми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор ва ғолибон эълон мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон соли 2019 аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат дар 4 марҳила ташкил карда шуд.
Мусобиқа байни наврасони то 14-сола (писарон ва духтарон), ҷавонони аз 15 то 30-сола (писарон ва духтарон) ва калонсолон аз 30-сола боло (мардон ва занон) ба нақша гирифта шуд.
Марҳилаи аввали интихобии мусобиқа аз 10 июн то 8 июли соли 2019 ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус доир гардид. Даври дуюми мусобиқа аз 8 июл то 25 август дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум ва марҳилаи интихобии сеюм аз 5 то 25 сентябр ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии дуюм сурат гирифт.
Акнун дар марҳилаи ниҳоӣ аз 1 то 5 октябр дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони марҳилаи сеюм иштирок ва барои ҷоизаҳо талош мекунанд.
Маблағи умумии ҷоизаи Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот 100 (сад) ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохт мешавад. Барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синну сол 25000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.