Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тошканд – мизбони 4-ум Бозиҳои осиёии наврасон

Тошканд – мизбони 4-ум Бозиҳои осиёии наврасон Тошканд – мизбони 4-ум Бозиҳои осиёии наврасон

01.10.2019

: 225

Шӯрои олимпии Осиё шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистонро мизбони 4-ум Бозиҳои осиёии наврасон эълон кард.

Қарор дар ин бора дар 73-юм ҷаласаи кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) 28 сентябр дар Доҳаи Қатар қабул шуд.
Ноиби ифтихории президенти ШОО Вэй Ҷижонг зимни муаррифии шаҳр иброз дошт, ки ишооти варзишӣ ва инфтрасохтори зарурӣ дар Тошканд мавҷуд аст, аз ин рӯ зарурати сохтани иншооти нав нест. Вэй Ҷижонг бо гурӯҳи назоратии ШОО бо сафари дурӯза дар Тошканд қарор доштанд. “Мо давоми ду рӯз дар Тошканд 21 маконро дидан кардем, аз ҷумла иншооти варзиширо, - гуфт ӯ. – Ба хулосае омадем, ки Тошканд бо шароите ки дорад, омода аст Бозиҳои осиёии наврасонро қабул кунад”.  
Президенти ШОО Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ пешниҳод кард, ки мизбонии 4-ум Бозиҳои осиёии наврасон дар соли 2025 ба Тошканд дода шавад ва ин пешниҳод аз ҷониби ҳамаи аъзои кумитаи иҷроияи ШОО ҷонибдорӣ ёфт.
4-ум Бозиҳои осиёии наврасон – Тошканд-2025 акнун ба феҳристи чорабиниҳои варзишии ШОО илова шуд: 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё дар Санйаи Чин (2020), 3-юм Бозиҳои осиёии наврасон дар Шантоуи Чин (2021), 19-ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин (2022), 20-ум Бозиҳои Осиё дар Айчӣ-Нагайаи Ҷопон (2026).
“Мо бо тақвими бозиҳои варзишии худ роҳат ҳастем, иброз намуд Шайх Аҳмад. – Бо бозиҳои соҳилию наврасон то бозиҳои асосии Осиё мо ба даҳсолаи оянда пайвандем. Солҳои наздик дар минтақаи мо Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ва Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 баргузор мешаванд, аз ин рӯ Осиё ҳамеша фаъол аст”.
Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ, ҳамчунин қайд кард, ки 12 то 16 октябри соли равон дар Доҳаи Қатар аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳонии ANOC доир мегардад, ки ШОО ташаббускори консепсияи варзишҳои соҳилӣ ва баҳрӣ мебошад ва аввалин маротиба Бозиҳои соҳилии Осиёро соли 2008 дар Балии Индонезия ташкил кард. “Мо бо ин ифтихор мекунем”, - афзуд ӯ.
Кумитаи иҷроияи ШОО, инчунин гузоришҳоро аз ҷараёни омодагии се бозиҳои маҷмӯӣ дар Чин – Бозиҳои соҳилии Осиё – Санйа-2020, Бозиҳои осиёии наврасон – Шантоу-2021 ва Бозиҳои Осиё – Ҳангжоу-2022 шунид.
ШОО даъвати президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Ризо Солеҳи Амириро роҷеъ ба доир кардани ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроия дар Теҳрон қабул карда, ташкилоти нави “Dance Sport Asia” – ягона созмони назораткунандаи рақси варзишӣ дар қораро эътироф намуд.