02.10.2019
: 1103
3-13 октябр дар шаҳри Улан Удэи Федератсияи Руссия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон баргузор мешавад.
Дар чемпионат беш аз 300 варзишгари 75 давлат ширкат мекунанд, ки миёни онҳо 4 муштзанбонуи тоҷик низ ҳастанд.
Қувваозмоиҳо аз рӯи 10 категорияи вазнӣ сурат мегиранд: -48кг, -51кг, -54кг, -57кг, -60кг, -64кг, -69кг, -75кг, -81кг, +81кг. Ҷумҳурии моро Миҷгона Самадова дар вазни -57кг, Шоира Зулқайнарова дар вазни -60кг, Нилуфар Бобоёрова дар вазни -64кг ва Идимоҳ Холова дар вазни -69кг бо роҳнамоии ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева намояндагӣ мекунанд.
Муҳорибаҳои варзишгарони мо аз рӯзи дуюми мусобиқот шурӯъ мегардад. 4 октябр Идимоҳ Холова дар аввалин рақобаташ бо варзишгари Узбекистон Шаҳноза Юнусова болои ринг мебарояд. 5 октябр Миҷгона Самадова бо намояндаи Кот д-Ивуар Марселат Сакобӣ нерӯ месанҷад. Муҳорибаи Шоира Зулқайнарова бо варзишгарбонуи Венесуэлла Омайлин Алкала 6 октябр ва муҳорибаи нахустини Нилуфар Бобоёрова муқобили намояндаи Алҷазоир Чаҳира Селмоунӣ 7 октябр сурат мегирад.
Дар акс Миҷгона Самадова