27.09.2019
: 1325
27 сентябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқоти масъулини соҳаи варзиши кишвар бо президенти Федератсияи байналмилалии варзиши тирандозӣ Владимир Лисин доир гашт.
Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро бо Федератсияи байналмилалии варзиши тирандозӣ баррасӣ намуданд.
Қайд гардид, ки ин намуди варзиши олимпӣ дар Тоҷикистон солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ хеле рушд карда буд, ҳатто намояндаи Тоҷикистон Анатолий Тилик соли 1958 ба гирифтани унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфтааст.
Баъд аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ва бо сабаби воқеаҳои сиёсӣ бисёре аз мутахассисони соҳа кишварро тарк карданд, ки боиси каме қафо мондани намуди тирандозӣ гардид. Аммо таҳти сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рушд карда истодааст, аз ҷумла намуди тирандозӣ. Айни замон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дар 4 марказ ҷавонону наврасон ба тамрин машғуланд ва Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла соли 2018 варзишгари ҷавону умедбахш Бежан Файзуллоев дар 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон дар Аргентина ширкат намуда, дар ҳайати тими омехта ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.
Владимир Лисин дар навбати худ иброз намуд, ки Федератсияи байналмилалии варзиши тирандозӣ ҳамеша омода аст, ки Федератсияи тирандозии Тоҷикистонро аз лиҳози лавозимоти варзишӣ дастгирӣ кунад.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки марказҳои таринро дар дигар минтақаҳо низ ташкил кунанд, то наврасону ҷавонони лаёқатмандро ба дастаи мунтахаб ҷалб намоянд. Ҳамчунин, пешниҳод шуд, ки соли 2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Душанбе як мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ба нақша гирифта хоҳад шуд.
Владимир Лисин ба варзишгарони намуди тирандозӣ дар Чемпионати Осиё, ки 3-13 ноябр дар Доҳаи Қатар баргузор мешавад ва мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 маҳсуб меёбад, муваффақият хост.
Владимир Лисин ва ҳамроҳонаш аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан карда, бо дастоварди соҳаи варзиши мамлакат шинос шуданд.