Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пешниҳоди тағйири IAAF пазируфта шуд

26.09.2019

: 975

Пешниҳоди тағйири номи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) ба Варзиши сабуки ҷаҳонӣ (WA) аз ҷониби анҷумани ин созмон расман пазируфта шуд, аммо пас аз қабул шудани он аз ҷониби баъзе кишварҳо амал мекунад.

Тағйири номи IAAF моҳи июни соли равон дар ҷаласаи Шӯрои созмон, ба хотири боз ҳам дастрас кардани варзиш, пешниҳод гардида буд.
Ончи интизор мерафт, барои ба расмиёт даровардани тағйири ном он бояд бо қонунгузории Монако ҳамоҳанг шавад, бисёре аз намояндагони кишварҳои забонашон фаронсавӣ мухолифат карданд. Ба андешаи онҳо номи нав бо забони онҳо хуб садо намедиҳад.
Дирӯз Себастян Коу аз нав ба муддати чор соли дигар президенти IAAF интихоб шуд ва изҳор дошт, ки тағйирот ногузир аст, то варзишро барои ҷавонон ҷолибтар намоем.
“То ҷое ман медонам, соли 2003 узви Шӯрои IAAF шудам ва бисёр ҳолатҳо буд, ки касе ба кадом ташкилот марбут будани маро мепурсид, барои шарҳ додан 3-4 дақиқа лозим буд, - қайд кард ӯ. – Мо гирди бренд кори муфассал анҷом додем”.
IAAF соли 1912 бо номи Федератсияи байналмилалии дӯстодорони варзиши сабук таъсис ёфт, вале соли 2001 бо мақсади мавқеи варзишгарони ғайрикасбиро надоштан, номашро ба Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук тағйир дод.
Роҳбари Гурӯҳи машваратии IAAF оид ба масъалаҳои стратегияи коммуникатсионӣ Одил Сумаривалла аз Ҳиндустон дар шарҳи тағйири ном ва бренд гуфт, ки нафароне ки варзиши сабукро мухлисӣ мекунанд, пир шудаанд ва мо бояд дар оянда ба ҷавонон такя кунем. “Фикр мекунам “World Athletics” осонфаҳм аст”
Логотипи нав аз се ҷузъи асосӣ иборат аст. Ҳарфи "W" рамзи дастҳои бардоштаи варзишгар ҳангоми ғолиб омаданро дорад, ҳарфи “А” бошад, омодагии варзишгарро ба мусобиқа. Ҳар ду ҳарф дар якҷоягӣ иттиҳоди ҷомеаи варзиширо ифода мекунад. Роҳрав барои давидан низ маънии ҳамеша дар ҳаракат буданро дорад.