Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истиқлол” маротибаи ҳаштум чемпиони Тоҷикистон шуд

30.09.2019

: 1026

Дастаи футболи “Истиқлол” дар бозии марказии даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бар тими “Куктош” бо ҳисоби 6:1 ғалаба карда, қабл аз муҳлат медалҳои тиллоро сазовор гардид.

Ҳамин тариқ, дастаи шаҳри Душанбе дар таърихи мавҷудияташ маротибаи ҳаштум унвони чемпиони Тоҷикистонро ба даст овард. “Истиқлол” қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018 ғолиби Чемпионати мамлакат гардида буд. Аз ҳисоби ба даст овардани медалҳои тилло “Истиқлол” дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро пеш гузашта, серҷоизатарин клуби Тоҷикистон гардид.
Дар бозӣ миёни дастаҳои “Куктош” бо “Истиқлол” дар ҳайати тими ғолиб Шериддин Бобоев 3 гол, Алишер Ҷалилов 2 гол, Эҳсони Панҷшанбе 1 гол заданд. Голи дастаи ноҳияи Рӯдакиро Отабек Каримов ба ҳадаф расонд.
Дар доираи даври 17-ум бозӣ миёни тимҳои “Истаравшан” – “Хатлон” мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ба голи задаи бозингари тими мизбон Илҳомҷон Баротов меҳмонон тавассути Парвиз Охунов ҷавоб гардоданд.
“Регар-ТадАЗ” бошад, дар майдони худ бар тими КМВА “Помир” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ҳисобро бозингари дастаи мизбон Шерзод Муҳаммадиев дар дақиқаи 28-ум кушод. Дар дақиқаи 35 Сафаралӣ Каримов аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Голи ғалабоварро Акбари Араш дар дақиқаи 44 зад.
Дар бозии охирини давр “Хуҷанд” дар меҳмонӣ ба дарвозаи тими “Панҷшер” 5 голи беҷавоб зад. Ҷаҳонгир Эргашев, Фирдавс Чақалов 2-голӣ, Алишер Баротов як гол ба ҳадаф расонданд.
Дар давари ҳаждаҳум 5 токтябр дастаҳо ба таври зайл бо ҳам вомехуранд:
“Хатлон” – “Хуҷанд”
КМВА “Помир” – “Панҷшер”
“Истиқлол” – “Регар-ТадАЗ”
“Истаравшан” – “Куктош”

   ДАСТАҲО    Б    Ғ    М    Б    Т/Т    Х  
 1    "Истиқлол" (Душанбе)    17    14    3  0  51-12    45  
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  16  9  2  5  31-16  29
 3  "Хатлон" (Бохтар)  17  6  5  6  23-22  23
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)     17  6  4  7  24-27  22
 5  "Куктош" (Рӯдакӣ)  17  5  5  7  24-29  20
 6  КМВА "Помир" (Душанбе)  17  5  4  8  17-24  19
 7  "Истаравшан" (Истаравшан)  16  5  3  8  14-24  18
 8  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)     17  3  2  12   13-43  11