Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Тошканд Чемпионати Осиё оид ба каратэ оғоз шуд

19.07.2019

: 1111

Имрӯз – 19 июл – дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 16-ум Чемпионати Осиё оид ба каратэ (WKF) оғоз гардид, ки то 21 июл идома меёбад.

Чемпионат литсензионӣ ба ҳисоб меравад ва дар умум ду роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 дода мешавад.
Дар қувваозмоиҳо 340 варзишгар аз 33 давлати қора иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо 18 нафар ба Тошканд сафарбар гардидаанд ва аз рӯи 14 категория рақобат мекунанд.

Барномаи Чемпионати Осиё оид ба каратэ-2019:
19 июл: қувваозмоиҳои муқаддамотӣ дар ҳамаи категорияҳои вазнии кумитэ, даври аввал ҳамаи категорияҳои ката.
20 июл: қувваозмоиҳои тасаллобахш ва финали ҳамаи категорияҳои вазнии кумитэ, даври дуюм ва финали ҳамаи категорияҳои ката.
21 июл: қувваозмоиҳои кумитэи даставӣ.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба каратэ дар Чемпионати Осиё-2019:

Бонувон:
Давлатова Нигина (-50кг)
Карликова Насиба (-55кг)
Махсудова Фирӯза (-68кг)
Баҳромзода Муаззама (+68кг)
Суюнова Манижа (ката)

Мардҳо:
Тешаев Муҳаммад (-55кг)
Маҳмадов Ҳоҷиқурбон (-60кг)
Ҳасанов Қамариддин (-67кг)
Раҳимов Раҷаббек (-75кг)
Ҳайдаров Ҷавоҳир (-84кг)
Раҳимов Фаррухҷон (+84кг)

Ду дастаи мардона дар равияи кумитэ ва як даста дар равияи ката.