Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали нуқраи Саидҷалол дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо

19.07.2019

: 250

Паҳлавони шинохтаи кишвар Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Актауи Қазоқистон сазовори медали нуқра гардид.

Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар Актау 18-19 июл бо иштироки 175 варзишгар (120 мард, 55 зан) аз 11 давлат баргузор шуд.
Саидҷалол Саидов дар вазни -100кг қувваозмоиро аз даври ҳашякфинал оғоз карда, пас аз пирӯзӣ бар Чингизхон Шокиров аз Узбекистон ва Динахмет Руссимбек аз Қазоқистон ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр бар Ибрагим Маргиев аз Руссия дастболо шуд, вале дар финал аз намояндаи дигари Қазоқистон Виктор Демйаненко мағлуб гардид. Ёдовар мешавем, ки Саидҷалол соли гузашта ғолиби ҳамин мусобиқа гардида буд.
Дар мусобиқа аз ҷумҳурии мо 8 варзишгар – 6 мард, 2 зан иштирок доштанд. Дар вазни -60кг Давлаталӣ Назаралиев пас аз пирӯзӣ бар намояндаи Қазоқистон Нуржан Абет, дар чорякфинал аз варзишгари Руссия Рамазон Абдуллоев шикаст хурд. Давлаталӣ сипас дар қувваозмоии тасалллобахш варзишгари Озорбойҷон Балабай Ағаевро мағлуб намуд, вале дар мубориза барои ҷои сеюм аз намояндаи дигари Озарбойҷон Яшар Наҷафов шикаст хурда, ҷои панҷумро ишғол намуд.
Дар вазни -66кг Ҷамолиддин Абдуллоев ва Шаҳзод Воҳидов, дар вазни -73кг Раҳматулло Фарҳодов, Мирзоҷамил Рамазонов, Эраҷ Абдуллоев, дар вазни -81кг Ҳамроз Раҷабов, миёни бонувон дар вазни -48кг Шукрона Қарчиева, дар вазни -52кг Фазилат Гулбоева дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хурданд.