Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷавонон барои ҷоизаи Зебунисо Рустамова талош мекунанд

18.07.2019

: 1090

20-22 сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ байни ҷавонони 17-20-сола барои дарёфти ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебунисо Рустамова баргузор мегардад.

Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар мусобиқа дар сатҳи маҳал ва минтақа ду даври интихобӣ доир мегардад.
Баргузории мусобиқаи интихобии маҳаллӣ 21 июл дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар дар назар дошта шуда, бо иштироки ғолибон марҳилаи дуюм дар сатҳи минтақа ва вилоят доир карда мешавад ва ғолибон барои ҷоизаҳои барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монтреал-1976 Зебунисо Рустамова қувваозмоӣ мекунанд.