Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Варзишгарони Суғд дастовардҳояшонро ба намоиш гузоштанд

Варзишгарони Суғд дастовардҳояшонро ба намоиш гузоштанд Варзишгарони Суғд дастовардҳояшонро ба намоиш гузоштанд Варзишгарони Суғд дастовардҳояшонро ба намоиш гузоштанд

09.07.2019

: 1073

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам дар назди Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд аз намоиши варзишгарони вилоят дидан намуд.

Дастаҳои каратэ-до, бадминтон, ушу, волейбол, футбол, велесопедронӣ, шашка, шоҳмот ва дигар намудҳои варзиш дастоварҳои худро ба намоиш гузошта машғулиятҳои ҷисмонӣ намоиш доданд.
Қайд гардид, ки дар вилояти Суғд зиёда аз 43 муассисаи варзишӣ, 2523 иншооти варзишӣ барои ташаккул додани рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолият дошта, дар онҳо 18863 нафар ҷавонону наврасон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 варзишгарони вилоят аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 231 медал ба хазинаи варзиши кишвар ворид намудаанд. Дар вилоят чанд соли охир намудҳои варзиши велосипедронӣ, қайиқронӣ, каратэ-до, футбол, волейболи занона рушд намудааст.
Абдуллозода Аҳтам зимни боздид аз намоиши варзишгарон иброз намуд, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгарони тоҷик тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Варзишгаронро мебояд, ки дар машқу тамринҳо фаъолона ширкат намуда, ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ бинанд ва дар баробари дигар варзишгарони давлатҳои дунё маҳорати баланд нишон диҳанд.