Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Далер медали биринҷии Чемпионати Осиёро сазовор шуд

Далер медали биринҷии Чемпионати Осиёро сазовор шуд Далер медали биринҷии Чемпионати Осиёро сазовор шуд

10.07.2019

: 149

Гуштингири тоҷик Далер Ризозода дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни ҷавонон дар равияи юнонӣ-римӣ сазовори медали биринҷӣ шуд.

Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни ҷавонон 9 июл дар шаҳри Чон Бурии Тайланд оғоз шуд ва то 14 июл идома меёбад. Дар чемпионат 308 варзишгар аз 20 давлати қора иштирок доранд. Онҳо дар равияҳои гуштини озод, юнонӣ-римӣ ва гуштини занона миёни ҳам рақобат мекунанд.
Аз ҷумҳурии мо 4 варзишгар – Саидҷон Гулов (57кг), Шуҳрати Зафархон (61кг) дар гуштини озод, Далер Ризозода (72кг) ва Азимҷон Ҳамидов (87кг) дар гуштини юнонӣ-римӣ дар Тайланд қарор доранд.

Далер Ризозода дар вазни 72кг рақобатро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Деокҷин Ан бо ҳисоби 10:2 пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари узбекистонӣ Алиҷон Ҳусейнов, ки медали нуқра гирифт, бо ҳисоби 3:6 шикаст хурд. Далер баъдан дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Қирғизистон Алмазбек Бегалиев бо ҳисоби 5:0 дастболо шуда, ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид. Медали тиллои ин вазнро Муҳаммадризо Маҳмуд Рустамии эронӣ соҳиб шуд. Варзишгари Ҳиндустон Раҳул Раҳул медали дигари биринҷиро ба гарданд овехт.
Азимҷон Ҳомидов дар вазни 87кг дирӯз рӯи гилем баромада, дар қувваозмоии якумаш аз Кумар Сунили ҳинду шикаст хурд.
Мусобиқоти гуштини юнонӣ-римӣ ба анҷом расид. 11-12 июл бонувон гуштин мегиранд ва 13-14 июл қувваозмоиҳои гуштини озод баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Далер Ризозода моҳи марти имсол дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар Уланбатори Муғулистон сазовори медали нуқра гардида буд.