09.07.2019
: 1591
Дастаи мунтахаби таеквондо WT-и Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷамъомади машқӣ-омӯзишӣ ба шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ сафарбар гардид.
Аз 8 то 22 июл дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ бо ибтикори Шӯрои олимпии Осиё дар ҳамдастӣ бо Ҳукумати маҳаллии шаҳри Инчон, бо мақсади рушди босуботи варзишҳои осиёӣ, Барномаи "Руъё-2014" амалӣ мегардад. Дар доираи барнома такмили ихтисоси варзишгарону мураббиён ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ҳамкориҳои судманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи олимпии Корея дастаи мунтахаби таеквондои кишвар низ ба ин чорабинӣ даъват шуд. Варзишгарони тоҷик бо роҳбарии сармураббӣ Далер Фозилов дар шаҳри Инчон ба машқу омӯзиш фаро гирифта шуда, ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 омодагӣ мебинанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар намуди таеквондо варзишгарон тариқи раддабандии Таеквондои ҷаҳонӣ ё мусобиқаҳои интихобии Гранд Слам ва чемпионатҳо сазовори роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд. Мусобиқаи олимпии таеквондо аз рӯи 8 категорияи вазнӣ – 4 вазн миёни писарон ва 4 вазн миёни духтарон баргузор мешавад ва дар умум аз ҳамаи 206 давлати дунё 128 варзишгар ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ду варзишгари Федератсияи таеквондо – Ҳалимова Моҳру ва Мадкаримова Манижа аз дастгирии молиявии олимпӣ бархурдор буда, барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош менамоянд.