08.07.2019
: 1069
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври аввали мусобиқаи байналмилалии Ҷоми байниминтақавӣ дар шаҳри Аҳмадобод бар дастаи Ҳиндустон бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард.
Голҳоро дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон Комрон Турсунов (дақиқаи 56), Шериддин Бобоев (58), Муҳаммадҷон Раҳимов (71) ва Шаҳром Самиев (75) заданд. 2 голи тими мизбонро Сунил Четрӣ ба ҳадаф расонд. Муҳаммадҷон Раҳимов беҳтарин бозингари ин вохурӣ дониста шуд.
Тими миллии Тоҷикистон дар даври дуюм 10 июл бо дастаи мунтахаби Сурия вориди майдон мешавад, дар даври ниҳоӣ бошад, бо тими ҶХД Корея вомехурад.
Мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад, ки ҳар даста бо ҳам якбозигӣ анҷом медиҳанд. Дар натиҷаи бозиҳои даврӣ ду дастаи беҳтарин дар финал бо ҳам вомехуранд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи «ЕКА Arena»-и шаҳри Аҳмадобод доир мегарданд.