Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Муҳаммад Икромов аз Испания бо медал бармегардад

08.07.2019

: 1130

Гуштингири ҷавону умедбахш Муҳаммад Икромов дар Гран Прии Испания дар гуштини тарзи озод сазовори медали биринҷӣ шуд.

Мусобиқа 5-7 июл дар шаҳри Мадрид бо ширкати варзишгарон аз 38 давлати дунё доир гардид. Ҷумҳурии моро се нафар – Исломиддин Мазитов, Мубинҷон Ахмедов дар гуштини юнонӣ-римӣ ва Муҳаммад Икромов дар гуштини тарзи озод намояндагӣ карданд.
Муҳаммад Икромов дар вазни 57кг дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари ШМА Ҷошуа Родригес, ки ғолиби ин вазн гардид, бо ҳисоби 11:13 шикаст хурд. Ӯ баъдан дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари олмонӣ Виктор Лузенро бо ҳисоби 11:0 ва дар рақобат барои ҷои сеюм намояндаи Канада Лидрик Садикуро бо ҳисоби 6:0 мағлуб карда, ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф шуд. Ҷои дуюми вазни 57кг-ро намояндаи дигари Олмон Ҳорс Леҳр ва медали дигари биринҷиро Самуел Йегаси канадагӣ сазовор шуданд.