07.07.2019
: 1357
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии таеквондо “Chuncheon Korea Open G-2” дар Ҷумҳурии Корея сазовори 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ гардиданд.
Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки 4 июл оғоз гардида, 10 июл ба анҷом мерасад, варзишгарон аз 50 давлати ҷаҳон иштирок доранд.
Ба иттилои Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон, дар мусобиқа ҷумҳурии моро 4 варзишгар Ойматова Муниса (вазни 49кг), Давлатова Насиба (46кг), Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан (73кг), Шомаҳмадов Муҳаммадҳусейн (55кг), мураббиён Фозилов Исломиддин ва Чонг Чон Фи намоядагӣ мекунанд.
Рӯзҳои 6-7 июл варзишгарони муҳориба карданд ва ба дастовард ноил гаштанд. Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан дар вазни 73кг ба гирифтани медали тиллои мусобиқа даст ёфт. Муниса Ойматова дар вазни 49кг сазовори медали нуқра ва Шомаҳмадов Муҳаммадҳусейн дар вазни 55кг сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамчунин, сармураббии дастаи мунтахаби бонувон Чонг Ҷо Фи дар киёпа – шикастани тахтасанг бо панҷаи даст – ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи байналмилалии “Chuncheon Korea Open G-2” дар мувофиқа бо Таеквондои ҷаҳонӣ баргузор шуда, варзишгарон соҳиби холҳои рейтингӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.
Раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев иброз дошт, ки шумораи медалҳои мусобиқоти байналмилалии таеквондочиёни Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 37 адад расид.