Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии варзишҳои обӣ таҷлил шуд

Бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии варзишҳои обӣ таҷлил шуд Бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии варзишҳои обӣ таҷлил шуд Бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии варзишҳои обӣ таҷлил шуд Бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии варзишҳои обӣ таҷлил шуд

07.07.2019

: 1164

6-уми июли соли равон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии варзишҳои обӣ дар МҶМОВ “Оид ба намудҳои варзиши обӣ” Фестивали шиноварӣ баргузор шуд.

Чорабиниро Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи ин намуди зебои варзиш, шиносоии наврасону ҷавонон бо тарзу усулҳои намудҳои варзиши обӣ доир кард.
Дар чорабинии оммавӣ-варзишӣ беш аз 150 нафар варзишгарону хоҳишмандон ширкат намуданд.
Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, дар маросими кушодашавии чорабинӣ намояндаи Федератсияи миллии шиноварии кишвар Ориф Ҷӯраев ҳамаи иштирокчиёнро аз номи раиси Федератсияи миллии шиноварии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода табрик гуфта, ба ҳамагон солимӣ ва дар кору зиндагиашон комёбию муваффақиятҳо таманно намуд.
Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулло Маҳмадализода ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода зимни суханронӣ зикр намуданд, ки иқдоми пешгирифтаи Федератсияи миллии шиноварӣ саривақтӣ буда, чунин чорабиниҳо наврасону ҷавонони кишварро боз ҳам ҳавасманду ба ин намуди варзиш ҷалб хоҳанд намуд. Шароитҳои мусоиди машғул гардидан ба ин намуди варзиш, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ сол то сол боз ҳам беҳтар мегарданд, имконият медиҳанд, ки варзишгарони мо дар ин риштаи варзиш низ саъю кӯшиши бештар намуда, муаррифгар ва парчамбардори Ватани хеш дар арсаи байналмилалӣ гарданд.
Дар идома аз ҷониби варзишгарони мактабҳои намудҳои варзиши обии ҷумҳурӣ дар назди ҳозирин баромадҳои намоишӣ, бо намудҳои варзиши шиноварӣ, аз қабили тарзи озод, парвона, пуштнокӣ, брасс, омехта, маҷмӯӣ ва ғайра нишон дода шуда, ҳамчунин байни онҳо мусобиқаҳои варзишӣ ва шиноварии оммавӣ барои варзишгарону хоҳишмандон баргузор карда шуд.
Аз ҷониби мутахассисони соҳа ба тамошобинон тарзу усули наҷотдиҳии шахсони ғарқшуда ҳангоми оббозӣ дар кӯлу обанборҳо, амали дигар иштирокчиён дар вақти содир шудани чунин ҳодисаҳои нохуш ва пешгирии он намоиш ва маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуд.
Варзишгари наврас Рустам Зокирови 14-сола аз шаҳри Душанбе иброз дошт, ки тайи ду сол аст, таҳти роҳбарии мураббӣ Дилбар Очилова нозукиҳои шиновариро омӯхта, боварӣ дорад, дар оянда дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ баромад намуда, мақомҳои ифтихориро ба даст меорад.
Саддам Рамзиёрзодаи 16-сола бошад, аллакай чемпиони 7-каратаи ҷумҳурӣ миёни наврасону ҷавонон аст ва барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ, ки моҳи августи соли ҷорӣ, дар кишвари Маҷористон доир мегардад, омодагӣ мебинад. Онҳо ҳамсолонашонро барои машғул гардидан ба варзиши шиноварӣ даъват намуданд.
«Варзиши шиноварӣ барои табобати бемориҳои гуногун, аз қабили дарди сутунмуҳра, нафаскашӣ, майнаи сар, гардиши хун ва ғайра фоидабахш аст» - зикр намуд, мутахассиси соҳа, мураббӣ аз намуди варзиши шиноварӣ Аҳмадҷон Умаров.
Дар охир ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби ташкилкунандагон туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома тақдим карда шуд.
Моҳи январи соли 2016 Бюрои Федератсияи байналмилалии шиноварӣ дар Будапешти Маҷористон оид ба ҷашни Рӯзи ҷаҳонии варзишҳои обӣ қарор қабул кард. Аз ҳамон сол аввалин рӯзҳои истироҳатии моҳи июл то 19 июл – рӯзи таъсисёбии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (1908 дар Лондон) дар ҷаҳон Рӯзи варзишҳои обӣ таҷлил мешавад.