Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ду медали дигари гуштингирони наврас дар Чемпионати Осиё

06.07.2019

: 1001

Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон – имрӯз бо қувваозмоиҳои гуштини тарзи озод идома ёфт, ки гуштингирони навраси мо сазовори ду медал шуданд.

6 июл қувваозмоиҳои гуштини занона ва 3 вазни гуштини озод миёни писарон сурат гирифт. Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Мустафо Ахмедов дар вазни 65кг медали нуқра ва Абубакр Шукуров дар вазни 80кг медали биринҷӣ гирифтанд.
Қувваозмоиҳо аз рӯи 7 вазни боқимондаи гуштини тарзи озод фардо баргузор мешаванд, ки гуштингирони навраси мо иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионат 308 варзишгар аз 19 давлати қитъаи Осиё ширкат доранд.