Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дастаҳои лигаи олӣ ба таътил баромаданд

01.07.2019

: 1070

30 июн се бозии мавқуфмондаи даври нуҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

“Хуҷанд” дар майдони худ ба дарвозаи тими “Панҷшер” 9 голи беҷавоб зад. Дилшод Восиев 5 гол, Турсуналӣ Рустамов 3 гол ба номашон сабт карданд. Як голи дигарро Фирдавс Чақалов зад.
Дар бозии дигар “Истаравшан” бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозингари мизбон Қаҳрамон Ҳомидов дар дақиқаи 22 ҳисобро кушод. Турсунзодагиҳо тавассути голи задаи Акбари Шелдорӣ дар дақиқаи 41 ҳисобро баробар карданд. Баъд аз як дақиқа Насим Расулов голи дуюми “Истаравшан”-ро зад ва ғалабаи дастаашро таъмин намуд.
Бозии охирини давр миёни дастаҳои “Истиқлол” ва КМВА “Помир” сурат гирифта, бо ҳисоби 3:0 бар суди “Истиқлол” анҷом ёфт. Голҳоро Амирбек Ҷӯрабоев дар дақиқаи 28, Шериддин Бобоев дар дақиқаи 44 ва Шаҳром Самиев дар дақиқаи 79 ба ҳадаф расониданд.
Бо ҳамин, дастаҳо ба таътили тобистона баромаданд, ки якуним моҳ тул мекашад.
Баъд аз 10 давр “Истиқлол” бо 25 хол аз 9 бозӣ дар садри ҷадвали чемпионат қарор дорад. Ҷойҳои дуюму сеюмро бо 17-холӣ дастаҳои “Хуҷанд” ва “Куктош” ишғол кардаанд.

   ДАСТАҲО                                 Б        Ғ        М       Б        Т/Т        Х      
 1  "Истиқлол" (Душанбе)  9  8  1  0  30-7  25
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  10  5  2  3  20-10  17
 3  "Куктош" (Рӯдакӣ)  10  5  2  3  14-11  17
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)           10  3  4  3  14-15  13
 5  "Хатлон" (Бохтар)  10  3  3  4  11-13  12
 6  "Истаравшан" (Истаравшан)  10  3  2  5  9-15  11
 7  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)  9  2  1  6  7-24  7
 8  КМВА "Помир" (Душанбе)  10  1  3  6  7-17  6


Тақвими бозиҳои ду даври баъдӣ:

11-ум давр

10 август (шанбе)
«Хатлон» – КМВА «Помир»
«Панҷшер» – «Куктош»

11 август (якшанбе)
«Истаравшан» – «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

12-ум давр

17 август (шанбе)
«Истиқлол» – «Куктош»
«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

18 август (якшанбе)
КМВА «Помир» – «Хуҷанд»
«Истаравшан» – «Хатлон»