Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дастаи ВМКБ – ғолиби мусобиқаи волейбол миёни ҷавонон

Дастаи ВМКБ – ғолиби мусобиқаи волейбол миёни ҷавонон Дастаи ВМКБ – ғолиби мусобиқаи волейбол миёни ҷавонон

01.07.2019

: 1053

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни ҷавонон дар шаҳри Хоруғ бо пирӯзии дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом ёфт.

Мусобиқа бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ифтихори “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ баргузор шуд.
Тибқи иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, дар мусобиқа шаш даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, ШНТМ ва ВМКБ барои ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд. Дар натиҷа ҷои аввалро дастаи мизбон – ВМКБ ба даст овард. Волейболбозони ҷавони бадахшонӣ дар финал ҳамсолонашонро аз дастаи Душанбе-1 мағлуб намуданд. Дастаи Душанбе-2 пас аз пирӯзӣ бар тими Хатлон-2 ҷои сеюми мусобиқаро сазовор гашт.
Ғолиб ва ҷоизадорон бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ шуданд.