Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Иштироки Пешвои миллат дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои Аврупо

Иштироки Пешвои миллат дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои Аврупо Иштироки Пешвои миллат дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои Аврупо

01.07.2019

: 1273

30 июн дар шаҳри Мински Белорус дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои дуюми Аврупо иштирок карданд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши калони варзишӣ, ки дар Варзишгоҳи миллии олимпии «Динамо» баргузор гашт, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ширкат намуданд.
Бозиҳои Аврупо бозиҳои маҷмуии байналмилалии минтақавӣ миёни варзишгарони қораи Аврупо мебошад, ки бо сарпарастии Кумитаи олимпии Аврупо дар чор сол як маротиба баргузор мешавад.
Аввалин Бозиҳои Аврупо 12-28 июни соли 2015 дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку аз рӯи 30 намуди варзиш доир гашт. Ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи олимпии Аврупо 21 октябри соли 2016 Минскро мизбони 2-юм Бозиҳои Аврупо эълон намуд.
Дар бозиҳо 3844 варзишгар аз 50 давлати Аврупо аз рӯи 15 намуди варзиш - баскетбол 3х3, гимнастика, камонварӣ, варзиши сабук, бадминтон, бокс, футболи соҳилӣ, қайиқронӣ дар каноэ ва байдарка, велосипедронӣ, дзюдо, каратэ, самбо, тирандозӣ, тенниси рӯи миз ва гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ - барои 200 маҷмӯи медалҳо талош карданд.
Дар натиҷаи 10 рӯзи мусобиқот варзишгарони Федератсияи Руссия бо ба даст овардани 109 медал (44 тилло, 23 нуқра, 42 биринҷӣ) ҷои аввал, Белорус бо 69 медал (24 тилло, 16 нуқра, 29 биринҷӣ) ҷои дуюм, Украина бо 51 медал (16 тилло, 17 нуқра, 18 биринҷӣ) ҷои сеюмро ишғол намуданд. Умуман варзишгарони 41 давлат соҳиби медал шуданд.