24.06.2019
: 1185
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 июн зимни сафари кориашон ба минтақаи Рашт дар ноҳияи Сангвор майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор доданд.
Майдончаи варзишӣ дар масоҳати 540 метри мураббаъ дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ сохта шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Сангвор 450 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд ва аз надоштани майдончаи муосири обу тоби бадан танқисӣ мекашиданд.
Акнун дар доираи иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ва омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор хонандагони ин муассисаи таълимӣ соҳиби майдончаи муосири варзишӣ гардиданд.
Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш на танҳо барои хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, балки барои дигар ҷавонони деҳаи Тавилдараи деҳоти Тавлидараи ноҳияи Сангвор имкони васеъ барои машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш фароҳам омад.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити майдончаи варзишӣ ва суҳбат бо масъулин ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода, ҷавонону наврасонро ба истифодаи пурсамар аз ин шароиту имконот ҳидоят карданд.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат як варзишгоҳи калони муосир бо фарогирии 4 ҳазор ҷойи нишаст ва 2 толори варзишии наздимактабӣ сохта шудааст, ки дар самти оммавигардонии варзиш ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи насли ҷавону ояндасози миллат ба машқу тамрин заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 деҳоти ноҳияи Сангвор бунёду сохтмони 4 майдончаи варзишии дигар ба нақша гирифта шудааст.
Раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Сангвор ба пешвози арзанда аз ин ҷашни бузурги миллӣ босуръат идома дорад ва сокинони сарбаланди ин минтақаи дурдасти мамлакат талош бар он доранд, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои аз ин ҳам бештар истиқбол намоянд.