24.06.2019
: 1638
23-юми июн, дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад, варзишгарон дар қувваозмоиҳои шинои парвона ба масофаи 50 метр, брасс ба масофаи 50 метр, тарзи озод ба масофаи 100 метр, маҷмуӣ (комплекс) дар масофаи 200 метр ва эстафетаи даставӣ ба масофаи 4х50 метр байни занҳо ва мардон мубориза бурданд.
Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, варзишгарони Россия, Белорус, Узбекистон ва Тоҷикистон дар рӯзи дуюми мусобиқа бо нишондиҳандаи фардию гурӯҳӣ ҷоизадори мусобиқа шуданд.
Миёни занҳо дар шинои тарзи парвона бо масофаи 50 метр намояндаи Федератсияи Россия Олеся Корчагина ҷойи аввал, намояндагони Ҷумҳурии Белорус Елезавета Левша ва Рогачёва Татяна мутаносибан мақомҳои дуюму сеюмро аз худ намуданд. Дар шинои маҷмӯӣ ба масофаи 200 метр варзишгари Федератсияи Россия Алина Ситдикова зинаи якум, шиновари Ҷумҳурии Узбекистон Анастасия Зелинская ҷойи дуюм ва варзишгари Ҷумҳурии Белорус Халдоба Татяна мақоми сеюмро соҳиб гардиданд. Дар намуди брасс ба масофаи 50 метр низ варзишгарони Федератсияи Россия Корчагина Олеся мақоми аввал, Даря Головина ҷойи дуюм ва намояндаи Узбекистон Бибигул Менлибоева зинаи сеюми ифтихориро ба даст оварданд.
Миёни мардҳо дар шинои тарзи озод ба масофаи 100 метр шиноварони Федератсияи Россия Алексей Мерзликов зинаи аввал, Иван Манин мақоми дуюм ва варзишгар аз Ҷумҳурии Узбекистон Ойбек Хужаев ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар намуди маҷмӯӣ ба масофаи 200 метр варзишгари Ҷумҳурии Узбекистон Олимҷон Одилов мақоми якум ва варзишгарони Ҷумҳурии Белорус Алексей Ясевич ҷойи дуюм, Сергей Аплевич зинаи сеюмро соҳиб гардиданд. Дар намуди брасс ба масофаи 50 метр ҷойи якумро Сидорчук Алексей аз Ҷумҳурии Узбекистон, зинаи дуюмро варзишгари Ҷумҳурии Белорус Адамена Антон ва мақоми сеюмро шиновари Тоҷикистон Рамзиёр Хоркашов сазовор гаштанд.
Мусобиқаи эстафетаи даставии омехта дар масофаи 4х50 метр бо пирӯзии дастаи Федератсияи Россия анҷом ёфт. Мақомҳои баъдиро шиноварони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Белорус ишғол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 2-юм Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ 22 июн дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 70 варзишгари 7 давлат оғоз гардид ва то 25 июн идома меёбад.