24.06.2019
: 923
Бозии ҷавобии рафиқона миёни тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Узбекистон (U-16) бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.
Бозӣ дар Варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир гашт. Ҳисобро дар дақиқаи 21-ум футболбози навраси тоҷик Хуршед Давлатзода кушод. 7 дақиқа то танаффус меҳмонон тавассути голи задаи Шаҳзод Акрамов ҳисобро баробар карданд. Голи ғолибиятро дар дақиқаи 63-юм Муҳриддин Позлиддинов аз пеналтӣ зад.
Ёдовар мешавем, ки ду рӯз қабл, дар бозии аввали рафиқона дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда буданд.
Бозиҳои рафиқонаи баргузоршуда барои тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёфт, ки 14-22 сентябр дар Урдун баргузор мешавад. Дар давраи интихобии Чемпионати Осиё-2020 шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар гурӯҳи “А” бо тимҳои наврасони Урдун, Шри-Ланка, Кувайт ва Непал бозӣ мекунанд.