Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Хуҷанд” бар “Куктош” пирӯз шуда, ба ҷои сеюми ҷадвал баромад

24.06.2019

: 877

Рӯзҳои истироҳат се бозии даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар бозии марказии давр “Хуҷанд” бар тими “Куктош” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Се хол ба дастаи “Хуҷанд” тавассути голҳои задаи Фирдавс Чақалов (дақиқаи 36-ум) ва Дилшод Восиев (дақиқаи 87-ум) ба даст омад.
Дастаи нави лигаи олӣ – “Истаравшан” дар меҳмонӣ аз тими КМВА “Помир” бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Ягона голи вохуриро ҳамлавари тими мунтахаби ҷавонони кишвар Муҳаммадалӣ Азизбоев, ки дар нимаи дуюм ба майдон баромад, зад.
Бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон” дар варзишгоҳи “ТАЛКО Арена”-и шаҳри Турсунзода мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ба голи задаи Худойдод Узоқов регариҳо тавассути зарбаи нишонраси Шерзод Муҳаммадиев ҷавоб гардонданд.
Як бозии дигари давр миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Панҷшер” ба вақти дигар гузаронида шуд.
Пас аз натиҷагирии бозиҳои баргузоршуда дар ҷадвали чемпионат мисли пеш “Истиқлол” дар ҷои аввал аст, ки аз 8 бозӣ 22 хол дорад. “Куктош” бо 17 хол (аз 10 бозӣ) дар зинаи дуюм, “Хуҷанд” бо 3 хол камтар (аз 9 бозӣ) дар мақоми сеюм қарор гирифтаанд.
Дастаи КМВА “Помир”, ки ҳамагӣ як ғалаба дорад, бо 6 хол ҷои охирро ишғол кардааст.

   ДАСТАҲО                                                        Б      Ғ       М       Б       Т/Т              Х        
 1  "Истиқлол" (Душанбе)  8  7  1  0  27/7  22
 2  "Куктош" (Рӯдакӣ)  10  5  2  3  14/11  17
 3  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  9  4  2  3  11/10  14
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  9  3  4  2  13/13  13
 5  "Хатлон" (Бохтар)  10  3  3  4  11/13  12
 6  "Истаравшан" (Истаравшан)  9  2  2  5  7/14  8
 7  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)  8  2  1  5  7/15  7
 8  КМВА "Помир" (Душанбе)  9  1  3  5  7/14  6