Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ғолибони рӯзи аввали 2-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ

Ғолибони рӯзи аввали 2-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ Ғолибони рӯзи аввали 2-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ Ғолибони рӯзи аввали 2-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ Ғолибони рӯзи аввали 2-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ Ғолибони рӯзи аввали 2-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ

22.06.2019

: 1192

22-юми июн дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз ёфт. Дар ин мусобиқа, наздики 70 нафар шиновар аз кишварҳои дӯсту ҳамсояи Афғонистон, Белорус, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Қудратулло, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Р. Аҳмадзода меҳмонон ва иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалиро ба кишвари меҳмондӯсти Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, баргузории чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалиро баҳри таҳкими дӯстиву рафоқат, тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба рушди варзиш, фароҳам овардани шароитҳои мусоид дар ин самт ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ заминаи воқеӣ гузошт. Ташкили чунин мусобиқаҳои сатҳи баланд муаррифгари кишвари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардида, барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар мамлакат мусоидат менамояд.
Назарзода Қудратулло аз номи раиси Федератсияи миллии шиноварии кишвар, вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон ҳамагонро ба муносибати кушодашавии чорабинӣ табрик ва ба варзишгарон - иштирокчиёни мусобиқа муваффақияту комёбиҳоро орзу намуд.
Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварӣ, дар рӯзи аввали мусобиқа ғолибон аз рӯи чанд қувваозмоӣ муайян гардиданд. Аз ҷумла, миёни мардҳо дар шинои пуштнокӣ ба масофаи 200 метр Игор Лебедев аз Руссия мақоми аввал, намояндаи Ҷумҳурии Белорус Вячеслав Тугачёв мақоми дуюм ва Владислав Котов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон зинаи сеюмро ишғол намуданд. Дар намуди парвона (батерфлай) дар масоҳати 50 метр номояндаи дигари Россия Дмитрий Зеленин ҷойи аввал, варзишгари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ойбек Хужаев зинаи дуюм ва Денис Данисевич аз Ҷумҳурии Белорус мақоми сеюмро сазовор шуданд.
Миёни бонувон дар шинои пуштнокӣ ба масофаи 200 метр варзишгари дастаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муслима Султонова мақоми аввал, ду намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карина Климик ва Екатерина Бордачёва ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб гардиданд. Миёни бонувон дар шинои тарзи озод ба масофаи 100 метр варзишгари Федератсияи Россия Ирина Злобина зинаи аввал, Гуландом Исломова аз Ҷумҳурии Ӯзбекситон мақоми дуюм ва Виктория Островская аз Белорус ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Мусобиқа то 25-уми июн идома меёбад.