Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Даври аввали Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар ВКХ оғоз шуд

Даври аввали Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар ВКХ оғоз шуд Даври аввали Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар ВКХ оғоз шуд Даври аввали Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар ВКХ оғоз шуд Даври аввали Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар ВКХ оғоз шуд Даври аввали Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар ВКХ оғоз шуд

22.06.2019

: 1330

22 июн дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат оғоз шуд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшо, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо ширкат карда, ба иштирокчиён муваффақият хостанд.
Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ, аз ҷумла қайд кард, ки шоҳмот ё шатранҷ яке аз бозиҳои қадимаи зеҳнии ҷаҳон аст ва имрӯз дар тамоми олам ривоҷ дорад. Ҳангоми бозии шоҳмот зеҳни инсон инкишоф меёбад. Варзиш додани зеҳн тавассути бозии шатранҷ, ки қадимтарин бозии ақлонӣ ва зеҳнӣ аст, дар таърихи тамаддуни мо мавқеи вижа доштааст. Шатранҷ, ки яке аз бозиҳои кӯҳани тоҷикон аст, имрӯзҳо ба як ҷузъи фарҳанги инсонӣ табдил ёфта, таърихи ғанӣ дорад. Шоҳмот бозиест, ки ба саъю кӯшиш барои пирӯзӣ, роҳи баромад аз ҳолатҳои печида, пешрафти хотира, суръати кори мағзи сар ва афзудани дараҷаи мантиқи андешаронӣ мусоидат менамояд.
Пешвои муаззами миллат бо таъкид аз аҳамияти рӯзафзуни бозии шатранҷ дар ҷомеаи муосири тоҷик 30 августи соли 2017, зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД фармуда буданд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус дар синфҳои равияи дақиқу табиатшиносӣ дарси шоҳмотро ҷорӣ намояд. Бояд тазаккур дод, ки наврасону ҷавонони мо ба бозии шоҳмот таваҷҷуҳ пайдо карда, дар арсаи ҷаҳонӣ шарафи варзиши кишварро ҳифз карда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат аз рӯи се синну сол дар чор давра баргузор мешавад ва фонди ҷоизаи мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст.
Ғолибони даври аввал, ки ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи вазорату идораву муассисаҳо, шаҳраку деҳоту маҳаллаҳо баргузор мешавад, ба даври дуюм, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо доир мегардад, роҳхат мегиранд.