Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таҷлили Рӯзи олимпӣ бо машқҳои пагоҳирӯзӣ идома ёфт

Таҷлили Рӯзи олимпӣ бо машқҳои пагоҳирӯзӣ идома ёфт Таҷлили Рӯзи олимпӣ бо машқҳои пагоҳирӯзӣ идома ёфт Таҷлили Рӯзи олимпӣ бо машқҳои пагоҳирӯзӣ идома ёфт Таҷлили Рӯзи олимпӣ бо машқҳои пагоҳирӯзӣ идома ёфт Таҷлили Рӯзи олимпӣ бо машқҳои пагоҳирӯзӣ идома ёфт

22.06.2019

: 1172

Субҳи имрӯз – 22 июн – дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дар доираи чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ бо иштироки беш аз 5000 сокини шаҳри Душанбе машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.



Қабл аз оғози машқҳои ҷисмонӣ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо ва ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ҳозиринро ба Рӯзи олимпӣ шодбош гуфтанд.
Қайд гардид, ки Ҳаракати олимпиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунанд ва Рӯзи байналмилалии олимпӣ дар баробари кишварҳои сайёра дар ҷумҳурии мо низ ҳар сол дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.
Дар фарҷом ба намояндагони вазорату идораҳо сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим гардид.
Пас аз машғулиятҳои ҷисмонӣ, ки бо роҳнамоии устодони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон иҷро шуд, бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарон ба хотири арҷ гузоштан ба таъриху маданияти кӯҳани халқи тоҷик ба пояи асосгузори аввалин давлати тоҷик шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта шуд.
Чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ, ки 21 июн бо баргузории Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар рушди Ҳаракати олимпии Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон шуруъ гардид, имрӯзу фардо бо доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ идома меёбад. Аз ҷумла бахшида ба Рӯзи олимпӣ ва 125-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ва трек баргузор мешавад.