20.06.2019
: 1008
19 июн бозиҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 (КФО) дар гурӯҳи “D” баргузор шуданд.
“Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Ҳисоб дар дақиқаи 4-уми дидор тавассути голи задаи капитани тими мизбон Ҷаҳонгир Эргашев кушода шуд. Дар дақиқаи 30-юм бозингари тими Душанбе Ҷалил Кимсанов ҳисобро баробар кард. Турсуналӣ Рустамов қабл аз танаффуси дастаҳо ҳисобро ба фоидаи тими Хуҷанд афзуд – 2:1. Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 64-ум боз ҳам ҳисобро баробар кард. Голи ғолибиятро Дилшод Восиев дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигари гурӯҳ “Олтин Асир”-и Туркманистон бар тими “Дордой”-и Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 5 давр “Олтин Асир” бо 9 хол дар ҷои аввали ҷадвали гурӯҳ қарор дорад. “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки 7-холӣ доранд, дар ҷойҳои дуюму сеюм, “Дордой” бо 5 хол дар мақоми охир ҷойгиранд.
Бозиҳои даври шашуми маҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 26 июн доир мегарданд. “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе “Олтин Асир”-ро қабул мекунад, “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бо “Дордой” вомехурад.