20.06.2019
: 1169
Тавре хабар дода будем, Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ 22 майи соли равон эътирофи Федератсияи байналмилалии бокси ҳаваскориро бозхонд намуд, вале қарор қабул кард, ки мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир мешавад.
Дар робита ба муайян кардани системаи интихобӣ ва категорияҳои вазнӣ, ҳамчунин ба роҳбарӣ гирифтани баргузории мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпӣ бо сарварии узви Кумиҷроияи КБО Моринари Ватанабе гурӯҳи кории босалоҳият таъсис ёфт.
Гурӯҳи корӣ, ҳамакнун системаи интихобии намуди бокс ва категорияҳои вазниро муайян ва барои тасдиқ ба Кумиҷроияи КБО пешниҳод намудааст.
Пешниҳод аз ду асос таркиб ёфтааст:
Барномаи чорабиниҳои Токио-2020;
Системаи интихобии Токио-2020.
Барномаи чорабиниҳои Токио-2020
Мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии соли 2020 аз рӯи 13 категорияи вазнӣ доир хоҳад шуд: 8 вазн миёни мардҳо, 5 вазн миёни бонувон:
Марҳо (8)
48 то 52 кг
52 то 57 кг
57 то 63 кг
63 то 69 кг
69 то 75 кг
75 то 81 кг
81 то 91 кг
+91 кг
Бонувон (5)
48 то 51 кг
54 то 57 кг
57 то 60 кг
64 то 69 кг
69 то 75 кг
Системаи интихобии Токио-2020
Ҳамагӣ дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди бокс 286 варзишгар иштирок мекунанд, ки 186 нафараш мардҳо, 100 нафараш бонувон мебошанд. Тақсимоти минтақавӣ дар асоси натиҷаи нишондодаи варзишгарон дар ду Бозии олимпии охир сурат гирифтааст. Дар умум, 4 мусобиқаи интихобии қитъавӣ (бо муттаҳид кардани Осиё ва Уқёнус) ва як мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст. Мусобиқаҳо дар давраи аз январ то майи соли 2020 доир хоҳанд шуд. Шаҳрҳои мизбони мусобиқот низ аз миёни шаҳрҳое интихоб мегарданд, ки Бозиҳои олимпиро гузаронидаанд ё дар ояндаи наздик мегузаронанд.
Ҳамаи пешниҳодҳо натиҷаи ҷараёни машваратҳои амиқ мебошад, ки Ватанабе бо намояндагони тарафҳои гуногун, аз ҷумла Кумитаи тадорукоти Токио-2020, Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва коршиносони бокс гузаронидааст.
Дар асоси системаи интихобии пешниҳодшуда ҳар кумитаи олимпӣ дар ҳар категорияи вазнӣ метавонад як роҳхат ба даст оварад. Дар мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ аз Африқо дар вазнҳои аз 52 то 81 кг миёни мардон 3-нафарӣ ва дар вазнҳои 91 ва +91 кг 2-нафарӣ соҳиби роҳхат мешаванд, дар Амрико бошад, дар вазнҳои 52, 57, 63 кг 5-нафарӣ, дар вазнҳои 69, 75, 81 кг 4-нафарӣ ва дар вазнҳои 91 ва +91 кг 3-нафарӣ интихоб хоҳанд шуд. Аз минтақаи Осиё/Уқёнус дар вазнҳои 52, 57, 63 кг 6-нафарӣ, дар вазнҳои 69, 75, 81 кг 5-нафарӣ ва дар вазнҳои 91, +91 кг 4-нафарӣ, аз Аврупо дар вазнҳои 52, 57, 63 кг 8-нафарӣ, дар вазнҳои 69, 75, 81 кг 6-нафарӣ ва дар вазнҳои 91, +91 кг 4-нафарӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо мекунанд.
Миёни бонувон барои Африқо дар вазни 51 кг 3, дар дигар вазнҳо 2-роҳхатӣ, барои Амрико дар вазни 51 кг 4, дар дигар вазнҳо 3-роҳхатӣ, барои Осиё/Уқёнус дар вазни 51 6, дар дигар вазнҳо 4-роҳхатӣ ва барои Аврупо дар вазнҳои 51, 57, 60 кг 6, дар вазни 69 кг 5, 75 4-роҳхатӣ пешбинӣ шудааст.
Барои кишвари мизбон дар вазнҳои 52, 57, 63, 75, 81 кг миёни мардҳо ва 51, 57, 60, 69 кг миёни бонувон квота дода хоҳад шуд, ҳамчунин 5 квота миёни мардон, 3 квота миёни бонувон аз ҷониби Комиссияи сеҷониба ҷудо шудааст.
Ин санад пас аз тасдиқ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи КБО, ки 27-28 июн ба нақша гирифта шудааст, мавриди амал қарор мегирад.