19.06.2019
: 1154
13-14 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 57-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини озод миёни калонсолон ба хотираи Кабауулу Кожомкул баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд.
Дар мусобиқа 179 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Муғулистон, Руссия, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби гуштини озоди кишвар Абдурозиқ Олимов, аз ҷумҳурии мо ба мусобиқа 10 варзишгар сафарбар гардиданд ва ба гирифтани ду ҷои сеюм ва як ҷои панҷум мушарраф шуданд.
Медалҳоро Муҳаммад Икромов дар вазни 57 кг ва Искандари Рустам дар вазни 125 кг ба гардан овехтанд. Фаридун Одилов дар вазни 92 кг ҷои панҷумро ишғол кард.
Ба гуфтаи Абдурозиқ Олимов, иштирок дар мусобиқаи мазкур барои варзишгарони мо як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор мешвад ва барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 маҳсуб меёбад.