Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

23 июн – Рӯзи байналмилалии олимпӣ

23 июн – Рӯзи байналмилалии олимпӣ 23 июн – Рӯзи байналмилалии олимпӣ 23 июн – Рӯзи байналмилалии олимпӣ

19.06.2019

: 1137

Ҳар сол 23 июн, ба муносибати барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад. Дар ин бора моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул шуд.

23 июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса зимни Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ барони фаронсавӣ Пйер де Кубертен суханронӣ намуда, ҳозиринро бо асосҳои Бозиҳои олимпӣ шинос кард. Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад.
Чорабиниҳои асосии Рӯзи олимпӣ марафони дав ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз, ҳамчунин мусобиқаҳои дигари варзишӣ, семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, шоу-барномаҳо, мулоқот бо қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ва ғайра баргузор мешаванд.
Дар Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳо, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дар партави сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи олимпӣ ҳар сол чорабиниҳо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мешаванд.
Дар робита ба ин сана Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 21 июн дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявии “Нақши Пешвои миллат дар рушди Ҳаракати олимпии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, 22-23 июн дар тамоми ҷумҳурӣ мусобиқаву бозиҳои гуногуни варзиширо ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, субҳи 22 июн, соати 6:00 дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки 5000 нафар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ доир мегардад.
23 июн дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария қароргоҳи нави Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо номи “Хонаи олимпӣ” (Olympic House) мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар расми ифтитоҳи бинои нави КБО роҳбарони ҳамаи кумитаҳои олимпӣ даъват шудаанд.