11.06.2019
: 1390
8-10 июн дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш барои ҷоизаҳои Президенти Узбекистон ба хотираи Баҳоваддини Нақшбанд баргузор гардид, ки паҳлавонҳои тоҷик 2 медал ба даст оварданд.
Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ - 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 миёни мардҳо ва 3 категорияи вазнӣ – 52, 63, 78 миёни бонувон сурат гирифта, дар он варзишгарони беш аз 20 давлат ширкат намуданд.
Паҳлавонҳои Тоҷикистон Додохон Қурбоналиев дар вазни +100кг медали нуқра ва Ҳақназар Назаров дар вазни 81кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ғолибони мусобиқа бо ҷоизаи пулӣ мукофотонида шуданд – ҷои аввал 3000 доллар, ҷои дуюм 2000 доллар, ҷои сеюм 1000 доллари ШМА.