11.06.2019
: 1061
Дар шаҳри Душанбе курси омӯзишӣ-техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни намуди қайиқронӣ оғоз гардид, ки то 17 июн идома меёбад.
Дар машғулиятҳои назариявию техникии коршиноси сатҳи байналмилалӣ аз Булғория – лектори Ҳамбастагии олимпӣ Аднан Алиев 20 мураббии ҷавон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат мекунанд ва донишҳои худро доир ба техникаву қоидаҳои Федератсияи байналмилалии қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ такмил медиҳад.
Дар рӯзи аввали курс котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо иброз дошт, ки машғулиятҳои омӯзишӣ барои мураббиёни қайиқронӣ дар доираи курсҳои омӯзишӣ-техникӣ барои мураббиёни Ҳамбастагии олимпӣ амалӣ мегардад. “Чанд соли охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва талоши Федератсияи қайиқронӣ ин намуд дар кишвар “зинда” шуд. Варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, ба дастовардҳо ноил гардида истодаанд. Аз ҷумла, Шаҳриёр Даминов соли 2017 дар Чемпионати Осиё, соли 2018 дар Бозиҳои Осиё сазовори медали нуқра шуд ва соли 2018 миёни ҷавонони то 23-сола унвони чемпиони Осиёро сазовор гашт. Хурсандибахш аст, ки бонувон низ ба ин намуди варзиш ҷалб гардидаанд ва соли гузашта ҷоизадори чемпионати Осиё миёни ҷавонон шуданд, - иброз намуд Абдуллозода М. – Ҳамин ҷиҳатҳоро ба инобат гирифта, роҳбарияти Кумитаи миллии олимпӣ тасмим гирифт, ки барои такмили ихтисоси мураббиён курси мазкурро ташкил намояд”.
Машғулиятҳо муддати 7 рӯз дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба риштаҳои амалӣ - Маҷмааи варзишии “Борбад” доир мегардад.