Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистон дар бозии рафиқона аз Чин шикаст хурд

12.06.2019

: 34

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо тими мунтахаби Чин бозии рафиқона анҷом дод.

Вохурии дастаҳо 11 июн дар шаҳри Гуанжоуи Чин, дар шоҳидии 40000 мухлис баргузор шуд. Бозӣ бисёр ҷолиб ва баробар сурат гирифта, бо ҳисоби минималии 1:0 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт. Голи ягонаро Янг Су дар дақиқаи 10-уми дидор зад.
Ба иқрори Федератсияи футболи Тоҷикистон, новобаста ба бохт тими миллии мо муқобили яке аз беҳтарин дастаҳои Осиё бозии хуб нишон дод.
Ёдовар мешавем, ки 7 июн тими миллии кишвар дар Душанбе бо дастаи мунтахаби Афғонистон мусовӣ (1:1) бозӣ карда буд.

Бозии рафиқона

Чин – ТОҶИКИСТОН – 1:0
Гол: Янг Су, 10.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов (Зоир Ҷӯрабоев, 89), Амирбек Ҷурабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Отабек Каримов, 72), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Кароматулло Саидов, 76), Ҷахонгир Эргашев, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 76).

Огоҳӣ: Ванг Ганг (Чин), Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов (Тоҷикистон).

Сардовар: Равшан Ирматов (Узбекистон).

11 июн. Гуанжоу. Варзишгоҳи «Тянхэ». 40 000 бинанда.