Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Гранаткин: Тоҷикистон барои ҷои 9-ум талош мекунад

11.06.2019

: 1018

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Валентин Гранаткин аз дастаи Туркия (U-18) бо ҳисоби 0:5 мағлуб гардид ва акнун барои ҷойҳои 9-12 бозиро идома медиҳад.

Дар гурӯҳи “В” дастаи мунтахаби ҷавонони Туркия бо 7 хол ҷои аввалро ишғол кард. Юнон бо 5 хол мақоми дуюм, Тоҷикистон бо 2 хол мақоми сеюм ва Қирғизистон бо 1 хол мақоми чорумро сазовор шуданд.
Ҳамин тариқ, мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар идома барои ҷойҳои 9-12 бозиҳояшро идома медиҳад. Имрӯз – 11 июн – шогирдони Зайниддин Раҳимов бо тими ҷавонони Арманистон, ки дар гурӯҳи “С” ҷои охирро ишғол кард, вомехуранд. Сипас, 13 июн бо ғолиб/мағлуби ҷуфти Қирғизистон – Ҳиндустон вориди майдон мешаванд.
Дар даври нимфинали Ҷоми Гранаткин-2019 12 июн Аргентина бо Туркия ва Россия бо Россия-2 бозӣ мекунанд.