09.06.2019
: 1656
Чемпиони Осиё-2019 оид ба бокс Баҳодур Усмонов ғолиби Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов гардид.
11-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов аз 4 то 8 июн дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор гашт. Дар мусобиқа варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Федератсияи Руссия ширкат карданд.
Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кг дар даври муқаддамотӣ ҳарифонашро аз Қазоқистон (2 нафар) ва Озарбойҷон мағлуб кард. Дар марҳилаи ниҳоӣ муштзани маъруфи қазоқро шикаст дод ва сазовори медали тилло гардид.
Ин сеюмин медали тиллои Баҳодур дар соли равон мебошад. Ӯ моҳи феврал дар Мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Д. Шопоков дар Қирғизистон ва моҳи апрел дар Чемпионати Осиё дар Тайланд медали тилло ба гардан овехта буд.
Дар мусобиқа варзишгарони тоҷик Бахтиёр Мирзомуҳаммад дар вазни 75кг ва Муҳаммад Абдурашидов дар вазни +91кг сазовори медали биринҷӣ гаштанд.