Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бохт ва бурди мунтахаби наврасони кишвар дар Алмаато

Бохт ва бурди мунтахаби наврасони кишвар дар Алмаато Бохт ва бурди мунтахаби наврасони кишвар дар Алмаато

31.05.2019

: 1007

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҷамъомади машқӣ-омӯзишӣ фаро гирифта шуд.

Дар ҷараёни тамрин дастаи наврасони кишвар бо ҳамолонашон аз тими “Кайрат”-и Алмаато ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев, агар бозии аввалашонро 29 май бо ҳисоби 1:2 бохтанд, пас 31 май дар бозии такрорӣ бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 тими наврасони кишвар дар гурӯҳи “А” бо мунтахабҳои наврасони Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувейт бозӣ мекунад. Бозиҳои гурӯҳи “А” аз 14 то 22 сентябри соли равон дар Урдун баргузор хоҳанд шуд.