31.05.2019
: 1045
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов дар шаҳри Аомории ин кишвар аз иншооти варзишие, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон пеш аз Бозиҳои 32-юми олимпӣ тамрин мекунанд, дидан карда, бо раис ва дигар намояндагони расмии шаҳри Аоморӣ мулоқот намуд.
Боиси қайд аст, ки дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон (3-5 октябри соли 2018), миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Ҷопон Созишномаи ҳамкорӣ дар бораи давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ба имзо расид.
Зимни мулоқоти Мирзошариф Ҷалолов бо раиси шаҳри Аоморӣ Акиҳико Онодера миёни ҷонибҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи ташаббуси “Шаҳри мизбон”, машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпии варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Аоморӣ, ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати шаҳри Аоморӣ нақшаи тамринҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро дар соли 2019 тартиб доданд. Дар асоси нақша моҳҳои август-сентябри соли равон дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо (10 нафар), варзиши сабук (4 нафар) ва каратэ-до (6 нафар) дар шаҳри Аоморӣ ба ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ фаро гирифта мешаванд. Барои дигар намудҳои варзиш соли 2020 нақшаи алоҳида тартиб дода хоҳад шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷамъомади машқию омӯзишии дастаи мунтахаби дзюдои кишвар қабл аз чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Токио (25-31 август) ва аз дастаи мунтахаби каратэ-до қабл аз мусобиқаи Премер Лига дар Токио (6-8 сентябр) ба нақша гирифта шудааст.