Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳайати мунтахаби кишвар барои бозиҳои рафиқона муйаян шуд

30.05.2019

: 209

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои рафиқона муқобили дастаҳои мунтахаби Афғонистон (7 июн, Душанбе) ва Чин (11 июн, Гуанжоу) маълум шуд.

Сармураббии тими миллии кишвар Усмон Тошев ба ҳайат 25 бозингарро даъват кардааст. Даста барои гузаронидани тамрин 1 июн дар Душанбе ҷамъ меояд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои рафиқона муқобили мунтахабҳои Афғонистон ва Чин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»).

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС Тира», Индонезия), Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия), Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳама аз «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд), Алишер Баротов («Хатлон»).

 Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив Пловдив», Булғория), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА «Помир»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Илҳомҷон Баротов, Отабек Каримов («Истаравшан»).

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сармураббӣ — Усмон Тошев (Узбекистон).