Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дилшод Назаров чемпиони Тоҷикистон оид ба баскетбол мебошад

30.05.2019

: 1269

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” зери рубрикаи “Дар меҳмонии “Ҷавонони Тоҷикистон” ситораҳои варзиши тоҷикро лаҳзае бо мухлисони варзиши кишвар дастрас мегардонад. Чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров меҳмони аввалини рӯзнома шуда, ба саволҳои мухлисону ҳаводорон, ки қаблан ба унвонии рӯзнома тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ равон карда буданд, посух гуфт. 

Аниса Ёрасенова: Чаро шумо маҳз ҳамин ришта (гурзпартоӣ)-ро интихоб кардед?
- Соли 1992 мо аз ҳамин риштаи варзиш чемпиони Бозиҳои олимпӣ доштем. Он кас Андрей Абдувалиев буд, ки дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таҳсилу тамрин мекард. Ман хурдсол будаму вақте машқҳои ӯро дидам, ба ҳамин ришта дил бастам.

Қурбон Аҳмадзод: Ғайр аз гурзпартоӣ боз аз уҳдаи кадом намуди варзиш мебароед?
- Ман варзишгари касбӣ дар риштаи гурзпартоӣ мебошам. Дар хурдсолиям ба баскетболу футбол шавқу ҳавас доштам ва дар мусобиқаи баскетбол миёни наврасон чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида будам.

Раҳматулло Каримзода: Оё Дилшод Назаров метавонад бо ин тану туши худододӣ ҳимоятгари тими миллии кишвар дар футболро бар уҳда гирад?
- Ман футболро ба таври ҳамешагӣ ҳам набошад, бозӣ мекунам. Масалан, вақте ки мавсими мусобиқаҳо ба поён мерасад, ҳар рӯзи шанбе ҳатман ҳамроҳи рафиқон футболбозӣ мекунам. Танҳо барои саломатӣ ва истироҳат.

Умед Назруллоев: Қариб, ки ҳамагон варзишро як намуд таъриф медиҳанд “Варзиш гарави саломатист”. Шумо ҳамчун як варзишгари номдор варзишро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Русҳо як мақоли хуб доранд, ки “физкультура лечит а спорт калечит”. Дар ҳақиқат, вақте шахс ба варзиши касбӣ машғул мешавад, бештари ҳолат ба саломатиаш зиён мерасонад. Аммо вақте инсон мақсаду ҳадаф мегузорад, ки ба фалон қулла расад, бояд дигар аз чизе тарсу ҳарос надошта бошад.

Зубайдуллоев Манучеҳр: Варзиш аз шумо чӣ хост?
- Ман 12 ё 13-сола будам, ки ба ҳамин намуди варзиш машғул гардидам. Дар гурӯҳи мо 7-8 нафар якҷо машқ мекардем. Дар ҳамон давра ман ҳадаф гузошта будам, ки чемпиони Бозиҳои олимпӣ мегардам. Ҳадафмандона рафтор кардани ман шояд сабаби муваффақияти ман гардида бошад. Аз ин рӯ, гуфтаниям, ки варзиш аз ман талаб мекард, ки ӯро тарк накунам. Дар ҳаёти варзишиам лаҳзаҳое душвор ҳам буданд, вале ман варзишро тарк накардам. Шояд ҳамин садоқат буд, ки ба мақсадам расидам.

Сафарбеки Эмомалӣ: Он чӣ ки шумо аз соҳаи интихобкардаатон мехостед, гирифтед?
- Ҳар чизе ки инсон талаб кунаду дар талошаш бошад, дастёб мегардад. Ман низ ҳама чизҳоеро, ки дар паяш будам, ба даст овардам.

Валихони Тағай: Чӣ чиз шуморо метавонад аз ғамҳо раҳо кунаду қувват бахшад ва чӣ чиз шуморо ба коми ноумедӣ мебарад?
- Тамоми ғаму андуҳи ман дар ҳалқаи оила ва кӯдаконам фаромӯш мешавад. Ман ҳар гоҳе аз чизе хаставу дилгир шавам, зуд сӯи хона - назди аҳли оилаам мешитобам.

Сомон Сафаров: Ягон лаҳзаеро гӯед, ки то ҳол дар ягон расона нагуфта бошед?
- Баъзе лаҳзаҳое ҳастанд, ба ҳаёти шахсии ман иртибот мегиранд ва ман наметавонам онро дар ягон ҷо гӯям.

Суҳроб Эмомов: Нисбат ба журналистон чӣ назар доред?
- Аз ҷомеаи журналистӣ хоҳони онам, ки ҳар маводеро мехоҳанд нашр кунанд, қаблан бо ҳамсуҳбаташон мувофиқа намоянд. Зеро дар таҷрибаи худам зиёд вохӯрдаам, ки баъзе факту рақамҳо хато меравад.

Додохони Тилло: Барои ҷавононе, ки варзишгар шудан мехоҳанд, шумо чӣ тавсия медиҳед?
- Қабл аз ҳама заҳматкаш ва таҳаммулпазир бошанд.

Қаландаров Исмат: Агар як маротибаи дигар фурсати касбинтихобкунӣ бароятон пеш ояд, варзишро интихоб мекардед?
- Бале. Варзиш қабл аз ҳама ба шахс обрӯву эътибор медиҳад. Ман дар оилаи варзишгар бузург шудаам. Падару модари ман варзишгар буданд. Бе ягон дудилагӣ боз ҳам варзишро интихоб мекардам.

Сафарбек Хайруллоев: Мехостам фаҳмам, ки дар ҳолати бардоштани Парчами давлатӣ чӣ гуна ҳиссиёт шуморо фаро мегирифт?
- Ин эҳсосро баён кардан мушкил аст. Инро фақат дарк мекунанд.

Гулрӯ Калбодова: Чӣ чиз аст, ки натиҷаҳои варзишии Шумо дар давраҳои гуногун тағйир меёбанд?
- Варзишгарон чун дигар узви ҷомеа пеш аз ҳама инсонанд. Инсон наметавонад, ягон чизи шахшуда бошаду натиҷаҳои кораш ҳам якхела бошанд. Бемориҳо, мутобиқат ношудан бо маҳалҳои гуногун ва амсоли ин омилҳои дигаре ҳастанд, ки метавонанд, ба натиҷаи варзишӣ таъсир расонанд.

Ҷумъагул Назруллозода: Дилшод Назаров дар баробари корҳои зиёде, ки дорад, ҳамроҳи фарзандонаш ба варзиш шуғл меварзад?
- Бале.

Ифтихор Юсупов: Оянда мо метавонем ягон фарзанди Дилшод Назаровро дар риштаи варзиш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бинему мисли падараш аз ӯ ифтихор кунем?
- Шояд. Ман дар симои фарзанди хурдиам варзишгарро мебинам. Инро боз Худо медонад. Ман ба ҳар як фарзандам дар интихоби касбу кор озодӣ медиҳам. Хост варзишгар шавад, нахост ихтиёраш. Масалан, писари калониам гитара менавозад, духтарчаам бошад, ба навохтани пианино ҳавас дорад.

Акобир Шарипов: Дилшод Назаровро дар Олимпиадаи навбатӣ дида метавонем?
- Худо хоҳад. Ҳоло тамоми кӯшишу ғайратамро барои Олимпиадаи Токио-2020 сарф карда истодаам. Аз 1-уми май мусобиқаҳои интихобӣ барои гирифтани иҷозатнома аз намуди варзиши сабук оғоз шуд. Кӯшиш мекунам, ки соҳиби роҳхат шавам.

Умедҷон Юнусалиев: Нигоҳи Дилшод Назаров оид ба варзиш машғул шудани занон чӣ гуна аст?
- Занон бояд барои саломатӣ ҳатман ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд.

Амир Урунов: Дилшод Назаров дар хона ба пухтани ягон намуди таом машғул мешавад? Агар ҳа кадом намуди таомро омода мекунад?
- Ҳеҷ гоҳ ба ошпазӣ шуғл наварзидаам.

Ҳасан Ваҳобов: Агар варзишгар намебудед, худро дар кадом касб дида метавонистед?
- Оид ба ин савол ҳатто фикр накардаам. Як маротиба писари калониам низ ҳамин саволро пурсид, ки агар варзишгар намебудам, пас кӣ будам. Варзиш ягона интихоби ман аст.

Насиба Абдуллоева: Филми дӯстдоштаи Дилшод Назаров кадом аст?
- “Қалби ҷасур” (“Brave heart” “ Храброе сердце ”), ки филми таърихист. Ман аслан филмҳои таърихиро тамошо мекунаму ба воқеоти таърихӣ таваҷҷуҳи бисёр дорам.

Мирзозода Ҷаҳонгир: Аз мушоҳидаҳо аён аст, ки Дилшод Назаров пас аз ҳар як мусобиқа ё тамрин бармегардад, кафи дастонаш пур аз обила мешаванд. Вақте Дилшод ба ҳамон обилаи дастонаш менигарад, чӣ фикрҳое даври сараш чарх мезанад? Масалан як кишоварз вақте ба обилаи дастонаш менигарад, ҳисси ифтихор фарогираш мегардад, ки нони ҳалол мехӯрад.
- Вақте ҳамон обилаи дастон сиёҳ мешаванду ба сӯзиш медароянд, ифтихор мекунам, ки имрӯз коре кардааму фардо чизеро метавонам умедвор бошам.

Солеҳ Файзализода: Вақте Шумо чемпиони Бозиҳзои олимпӣ гардидед, ҷаҳониён ҳама аз ин бурди Шумо мегуфтанд. Аммо пас аз он дар Бозиҳои Осиё мақоми дуюмро сазовор шудед. Ҳарчанд пас аз ҳафтае дар бозии дигар чемпионии худро исбот кардед. Ҳамон шабу рӯзе, ки ба қавле бохт доштед, чандин нафарон назарҳои мухталиф доданд. Ҳолати равонии шумо чӣ гуна буд?
- Ман ин масъалаҳоро бисёр фикр намекунам. Чизе, ки аз варзиш мехостам, ба даст овардам. Ин варзиш аст. Агар гӯӣ, ки ман ҷои дуюм гирифтаму тамом, аз пайи кор нашавӣ, бисёр чизҳои дигарро аз даст хоҳӣ дод. Ба қавли русҳо “без падения нет подъема”.

Манбаъ: javonon.tj