30.05.2019
: 1072
Аъзои дастаи мунтахаби қайиқронии кишвар Шаҳриёр Даминов ва Умар Рустамов дар Ҷоми ҷаҳон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ ширкат мекунанд.
Дуюмин Ҷоми ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (ICF) аз 31 май то 2 июн дар шаҳри Дуисбурги Олмон баргузор мешавад. Ба иттилои сомонаи расмии мусобиқа дар Ҷоми ҷаҳон иштироки варзишгарон аз 64 давлати дунё дар назар аст.
Ба иттилои котиби генералии Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон Нодир Сафаров, Шаҳриёр Даминов ва Умар Рустамов дар масофаҳои 200 ва 1000 метр дар байдарка қувва месанҷанд. Аммо пас аз ҷаласаи ҳайатҳо, ки 30 апрел баргузор мешавад, шояд варзишгарон масофаҳои дигарро низ интихоб кунанд.
Нодир Сафаров гуфт, варзишгарон барои иштирок дар ин мусобиқа ва Чемпионати ҷаҳон дар моҳи август аз 17 то 27 май дар шаҳри Будапешти Маҷористон ба ҷамъомади байналмилалии машқӣ омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.