29.05.2019
: 1088
1-уми июн, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия Форуми байналмилалии олимпичиёни наврас баргузор мешавад.
Форумро бо дастгирии Кумитаи байналмилалии олимпӣ Кумитаи олимпии Руссия дар ҳамкорӣ бо Оҷонси зидди допинги Руссия ва Департаменти варзиши шаҳри Москва мегузаронанд.
Дар чорабинӣ иштироки президенти Кумитаи олимпии Руссия (КОР) Станислав Поздняков, директори генералии КОР Анастасия Давидова, директори генералии Оҷонси зидди допинги Руссия Юрий Ганус, намояндагони Агентии ҷаҳонии зидди допинг, Вазорати варзиши Руссия, Департаменти варзиши шаҳри Москва, коршиносони Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва беш аз 100 варзишгари наврас аз 16 кумитаҳои миллии олимпӣ, ҳамчунин чемпионҳо ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, мисли Гелена Топилина (шиноварии ҳамзамон), Руслан Захаров (шорт-трек), Николай Морилов (лижаронӣ), Евгений Коротишкин (шиноварӣ) дар назар аст.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро дар форуми мазкур 4 варзишгари наврас – Нурангез Нурматова (шиноварӣ), Фараҳноз Аминова (каратэ-до), Ғаниҷон Ғаниев (дзюдо), Муиб Саидов (футбол), ки дар асоси озмун интихоб шудаанд, бо роҳбарии мутахассиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Равшан Раҳматов намояндагӣ мекунанд.Мақсади асосии форум ташаккули фарҳанги мубориза бо допинг ва даст кашидан аз рафторҳои ғайриахлоқӣ дар варзиш мебошад. Дар ҷараёни форум шунидани маърӯзаҳои мутахассисони Агентии ҷаҳонии зидди допинг, Агентии зидди допинги Руссия оид ба қоидаҳои асосии мубориза бо допинг ва масъулияти риоя накардани онҳо, аҳамияти назорати допинг дар чорабиниҳои варзишӣ дар назар аст.